Бемории хатарноки Трамп чист?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28129-Бемории_хатарноки_Трамп_чист
Ба гуфтаи равоншиносони Донишгоҳи Йелскии Амрико, иқдомот ва рафторҳои раисиҷумҳури ин кишвар, бемории хатарнокеро дар ӯ нишон медиҳад, ки ниёз ба баррасиҳои бештаре дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
  • Бемории хатарноки Трамп чист?

Ба гуфтаи равоншиносони Донишгоҳи Йелскии Амрико, иқдомот ва рафторҳои раисиҷумҳури ин кишвар, бемории хатарнокеро дар ӯ нишон медиҳад, ки ниёз ба баррасиҳои бештаре дорад.

Рӯзномаи “Гордиан” дар гузорише ба қалами Bandy Lee, равоншиноси Донишгоҳи Йелскии Амрико навишт, агарчи қонуни “Goldwetter”, ки муоинаи равонии чеҳраҳои саршиносро мамнуъ мекунад, равоншиносонро маҳдуд кардааст, аммо ҳанӯз ҳам бо истифода аз иттилооти ҳосил аз мушоҳидаи улгӯҳои вокуниши афрод, наҳваи ҳузури онҳо дар расонаҳо дар тӯли замон ва гузоришҳое, ки аз наздикон онҳо ба даст меояд, метавон дар бораи вазъияти равонии афроди машҳур, аз ҷумла раисиҷумҳури Амрико изҳори назар кард.

Равоншиносони амрикоӣ мегӯянд, Трамп токунун хушунатҳое чун пархошгарии каломӣ, мубоҳот ба таҷовузи ҷинсӣ, таҳрики дигарон ба хушунат, ҷазб шудан ба хушунат ва силоҳҳои қудратманд ва таҳдиди доими як миллат бо қудрати ҳастаиро аз худ нишон додааст.

Ба бовари онон, амалкарди шинохтии Трамп, яъне тавоноии ӯ барои пардозиши дониш ва афкор низ ба шиддат зери савол рафтааст ва ин мавзӯъ, ҳузури Трампро дар Кохи Сафед ба унвони раисиҷумҳур ба хатаре барои  Амрико ва дунё табдил кардааст.

Ин равоншиносон, даргирии лафзии раисиҷумҳури Амрикоро бо раҳбари Кореяи Шимолӣ дар мавриди андозаи дукмаҳои ҳастаии ду кишвар, мисоле аз рафторҳои хашин ва қудратталбонаи хатарноки Трамп, арзёбӣ карда ва мӯътақиданд, алоими бемории равонии Трамп, ҷиддӣ ва воқеӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, ҳеҷ замони дигаре дар таърихи Иёлоти Муттаҳида, гурӯҳе аз мутахассисони беҳдошти равон, то ин ҳадд нигарони хатарнок будани раиси ҷумҳуриашон набудаанд.

Ҳашт моҳ пеш, як гурӯҳ аз равоншиносони амрикоӣ нигарониҳояшонро дар қолаби як китоб бо номи «мавриди хатарнокии Доналд Трамп: арзёбии 27 равонпизишк ва коршиносони беҳдошти равонӣ аз раисиҷумҳур», мунташир карданд, ки ба пурфурӯштарин китоб табдил ва дар бозор ноёб шуд.