Январ 12, 2018 18:07 Asia/Dushanbe
  • Рафъи ихтилофот дар бораи

Беларус ба ихтилофоти марзӣ бо Русия поён медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарие дар Минск эълом кард, кишвараш дар назар дорад, дар соли 2018 ба ихтилофоти марзӣ бо Русия поён диҳад. Лукашенко гуфт, ҳазфи раводиди Беларус барои хориҷиҳо мӯҷиби нигаронии Русия шудааст. Ӯ афзуд, марзи Беларусу Русия ба "аҷибтарин марз дар Аврупо" шуҳрат дорад.

Ихтилофоти марзии Русия ва Беларус моҳи январи соли 2017 ба вуҷуд омад. Он замон Минск эълом кард, шаҳрвандони 80 кишвар, аз ҷумла 39 кишвари аврупоӣ барои иқомати камтар аз панҷ рӯз дар Беларус ниёзе ба раводид надоранд. Ин дар ҳолест, ки контроли марзӣ дар имтидоди марзи Беларус ва Русия пас аз он ки ду кишвар дар соли 1995 муоҳидаи дӯстию ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ имзо карданд, лағв шуда буд.

 

Барчасп