Ҳақулсукути Трамп ба 100 зан барои китмони равобити номашруи вай
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28479-Ҳақулсукути_Трамп_ба_100_зан_барои_китмони_равобити_номашруи_вай
Стив Бенен, стратеги собиқи Кохи Сафед фош кард, вукалои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба 100 зан, ки бо вай робитаи номашруъ доштанд, ҳақулсукут додаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳақулсукути Трамп ба 100 зан барои китмони равобити номашруи вай

Стив Бенен, стратеги собиқи Кохи Сафед фош кард, вукалои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба 100 зан, ки бо вай робитаи номашруъ доштанд, ҳақулсукут додаанд.

Ба навиштаи рӯзномаи британияии Дейли Майл, баъд аз онки ахборе мунташир шуд, мабнӣ бар инки раисҷумҳури Амрико барои фош нашудани робитаи номашруаш бо як зани бозигар, ба вай 130 ҳазор доллар ҳақулсукут пардохт кардааст, Стив Бенен, раиси собиқи ситоди коркунони Кохи Сафед низ гуфт: Вукалои Трамп ба сад зан, ки вай бо онҳо робитаи номашруъ дошта, пул пардохт кардаанд .

Бенен гуфт: Зане, ки 130 ҳазор доллар ҳақулсукут дарёфт карда буд, то мавзуъро дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 фош накунад, танҳо зане нест, ки чунин ҳақулсукутро дарёфт кардааст .

Нашрияи Вол Стрит Журнал ба тозагӣ навишт: Вакили Трамп пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2016, маблағи 130 ҳазор доллар ба як бозигари филмҳои мустаҳҷан дода буд, то робитаи ҷинсиаш бо Трампро дар соли 2006 ифшо накунад ва ин дар ҳолест, ки Трамп дар соли 2005 бо Мелания, ҳамсари кунунии худ издивоҷ карда буд .