Январ 17, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Шикояти мухолифи Путин пас аз радди салоҳият шудан дар интихобот

Раҳбари мухолифони Русия, ки чанде пеш номзадиаш барои мақоми раёсатҷумҳурии Русия рад шуд, алайҳи қонуни интихоботи ин кишвар ба додгоҳи Қонуни асосӣ шикоят кард.

Иван Жданов, вакили Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия гуфт: Навалний шикоятномае алайҳи қавонини интихоботии Русия ба додгоҳи Қонуни асосӣ таслим карда ва ин қавонинро муғойири Қонуни асосии Русия хондааст .

Комиссияи интихоботи Русия 25 декабри 2017 Навалнийро аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба далели собиқаи маҳкумияти қазоӣ манъ кард .

Навалний ду соли пеш дар парвандаи ихтилоси молӣ дар як ширкати тавлиди фаровардаҳои чуб дар устони Кирови Русия ба се соли ҳабси таълиқӣ маҳкум шуд .

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 18 марти 2018 баргузор мешавад .

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, чаҳорумин бор номзади интихобот шудааст ва бахти аввали пирӯзӣ ба ҳисоб меояд .

 

Барчасп