Мақоми амрикоӣ: Дархости истирдоди Гулен хориҷ аз мавзӯи кудатост
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Анкара расман истирдоди Фатҳуллоҳ Гуленро хостор шуда, аммо ӯро ба даст доштан дар кудато муттаҳам накардааст.
Ба гузориш хабаргузори "Форс", Марк Тонер, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико сешанбешаб таъйид кард, ки ин кишвар дархости расмии Анкара барои истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен, воизи динии мухолифи давлати Туркияро дарёфт кардааст.
Тонер гуфт, дар дархости расмии давлати Туркия ишорае ба кудато нашудааст ва иттиҳомоти Гулен ба пеш аз он ҳодиса бозмегардад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Туркия ҳамвора муддаӣ аст, ки Гулен талош барои кудато алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғонро раҳбарӣ кардааст.
Гулен аз як даҳа қабл дар табъиди худхоста дар Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад.
Анкара ва Вашингтон бо якдигар мувофиқатномаи истирдоди зиндониён доранд ва ба ҳамин далел Амрико мулзам аст, ки Гуленро ба Туркия таҳвил диҳад.
Бо ин вуҷуд Кохи сафед то кунун аз пазириши дархости Туркия худдорӣ кардааст.