Январ 21, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи ҳаводиси хунини гӯристони Хованскоеи Маскав такмил шуд

Дастёри раиси кумитаи тафтишоти умури ҷиноии шаҳри Маскав аз такмили парвандаи ҷиноии даргирии хунини рӯзи 14 моҳи майи соли 2016, дар гӯристони Хованское, ки бо мушорикати беш аз 300 нафар, аз ҷумла коргарони тоҷик анҷом шуд, гуфт, ки парвандаи ин моҷаро такмил ва ба додгоҳ, ирсол шудааст.

Ба гузориши сойти хабаргузории “РИА Новости”, хонум Юлия Иванова гуфтааст, ки алайҳи 17 нафар аз афроди гумонбар дар ин даргириҳо, ки аз миёни коргарони тоҷики коргар дар ин гӯристон се кушта ва 30 захмӣ барҷой гузошт, иттиҳоми мушорикат дар ин ҳодиса эълом шуда, ки ҳар як аз ин афрод дар догоҳ бар асоси мизони саҳми хеш, муҳокима ва муҷозот хоҳанд шуд.

Дар миёни ин 17 муттаҳам, Юрий Чабуев, мудири вақти ин гӯристон низ ҳузур дорад, ки ба гуфтаи мақомоти пулиси Маскав, вай бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин макон, бо кумаки гурӯҳҳои мофиёии қафқозитабор ин даргирии хунинро тарроҳӣ ва иҷро кардааст.

Беш аз 200 коргари тоҷик солиёни зиёде аст, ки дар ин гӯристон ба унвони руфтагар, сангтарош ва қабркан фаъолият мекарданд, ки бо интисоби Юрий Чабуев ба симмати мудири гӯристони Ховонское, вай аз тоҷикон дархости афзоиши саҳми молӣ, кардааст ва пас аз мухолифати онон барои тарсондан ва хориҷ кардани ин афрод, аз гурӯҳҳои мафиёӣ кумак гирифта, ки мунҷар ба ин даргирӣ шудааст. Сергей Улихин яке аз ширкаткунандагон дар латукуби коргарони тоҷик дар ин даргирии хунин бо гурӯҳи бозрасӣ, ҳамкорӣ карда ва алайҳи мудир ва 3 нафар аз афроде, ки дар тарроҳӣ ва иҷрои ин моҷаро нақш доштанд, шаҳодат дода ва умедвор аст, ки дар муҷозоташ тахфиф диҳанд.