Поёни ҳамлаи террористӣ ба меҳмонхонаи Интерконтинентали Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28801-Поёни_ҳамлаи_террористӣ_ба_меҳмонхонаи_Интерконтинентали_Кобул
Ҳамлаи террористӣ ба меҳмонхонаи Интерконтинентал дар пойтахти Афғонистон бо озодии гаравгонҳо поён ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 21, 2018 08:11 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳамлаи террористӣ ба меҳмонхонаи Интерконтинентали Кобул

Ҳамлаи террористӣ ба меҳмонхонаи Интерконтинентал дар пойтахти Афғонистон бо озодии гаравгонҳо поён ёфт.

Ба гузориши ИРНА, ҳудуди соати 9 шомгоҳи шанбе се ё чаҳор муҳоҷими мусаллаҳ, ки аз пушти бинои меҳмонхонаи панҷситораи Интерконтинентал ворид шуданд, ба меҳмонон тирандозӣ карданд ва теъдодеро низ гаравгон гирифтанд.

Охирин рақами теъдоди куштаҳои ҳамлаи муҳоҷимон ба меҳмонхонаи Интерконтинентал 30 нафар эълом шудааст.

Ҳануз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Ин ҳамла дар ҳоле рӯй дод, ки сафорати Амрико дар Афғонистон ду рӯзи пеш ба шаҳрвандонаш дар шаҳри Кобул ҳушдор дода буд аз наздик шудан ба марказҳои ҳассос, аз ҷумла меҳмонхонаҳо худдорӣ кунанд.

Ин дувумин ҳамла ба меҳмонхонаи байналмилалии Интерконтинентал дар ҳафт соли гузаштааст.

Ҳамлаи 9 ҷангҷуи Толибон дар соли 2011 ба ин меҳмонхона 21 кушта бар ҷо гузошт.

Меҳмонхонаи Интерконтинентал яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Кобул аст ва бештари барномаҳои сиёсӣ, нишастҳои хабарӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ дар ин меҳмонхона баргузор мешавад.

Шумори зиёде аз шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин меҳмонхона иқомат доранд.