Январ 21, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Чаро оворагони роҳингияӣ намехоҳанд ба Мянмар баргарданд?

Сафири аккредитаи Эрон дар Мянмар далоили аслии бемайлии оворагони мусулмони роҳингияиро ба бозгашт ба Мянмар шарҳ дод.

Муҳсини Маҳммадӣ, сафири Эрон дар Тайланд ва аккредита дар Мянмар ва Лаос дар гуфтугӯ бо Ирно дар бораи инки чаро оворагони роҳингияӣ дӯст надоранд, ба Мянмар бозгарданд, гуфт: Нигарониҳои ҷиддии амниятӣ, мусодира шудани амволу заминҳо ва тарс аз муҷозот шудан ба дасти будоёни тундрав аз муҳимтарин далоилест, ки ононро аз бозгашт мунсариф мекунад .

Маҳммадӣ бо ибрози таассуф аз шароити бади мусулмонони Роҳингия гуфт: Аз як сӯ агар дар Мянмар ба мусулмонон тобеият эъто нашавад ва заминҳои тасарруфшуда  ба онҳо бознагардад, онон ояндае барои худ дар ин кишвар мутасаввир нестанд ва аз сӯи дигар, оворагони роҳингияӣ наметавонанд ба зиндагӣ дар фақру фалокат ва дар урдугоҳҳои оворагони бангладешӣ дил хуш кунанд .

Сафири аккредитаи Эрон дар Мянмар гуфт, сиёсати усулии Теҳрон коҳиши заминаҳои буҳрон миёни будоён ва мусулмонони Мянмар аст .

Ҷиноятҳои густардаи нерӯҳои артиш ва будоёни ифротӣ алайҳи мусулмонони Роҳингия дар устони Рахин дар ғарби Мянмар, ки аз 25 августи 2017 шуруъ шудааст, токунун ҳазорон куштаву маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор овора барҷо гузоштааст .