Шабоҳати равиши Трамп ва Чингизхон дар сиёсат
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28913-Шабоҳати_равиши_Трамп_ва_Чингизхон_дар_сиёсат
Рӯзномаи шведсияии "Дагенз Нитер" (Dagens Nyheter), ки бузургтарин рӯзномаи ин кишвар аст, дар мақолае ба қалами Питер Франкопан, устоди таърихи Византия дар Донишгоҳи Оксфорд равишҳои сиёсии Трамп ва Чингизхони муғулро монанди ҳам донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 23, 2018 18:38 Asia/Dushanbe
  • Шабоҳати равиши Трамп ва Чингизхон дар сиёсат

Рӯзномаи шведсияии "Дагенз Нитер" (Dagens Nyheter), ки бузургтарин рӯзномаи ин кишвар аст, дар мақолае ба қалами Питер Франкопан, устоди таърихи Византия дар Донишгоҳи Оксфорд равишҳои сиёсии Трамп ва Чингизхони муғулро монанди ҳам донист.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, дар ин мақола омадааст, ҷаҳон дар 800 соли пеш монанди имрӯз дар давраи гузор ва ошӯб буд, аммо дар миёни ин ошӯбҳо марде ба номи Чингизхон пайдо шуд, ки шахсияти харизматик, мутаваҳҳим, нопойдор ва хатарнок дошт ва бо вуҷуди ин хислатҳо бисёре ба ӯ ҳамчун фурсате барои эҷоди суботу баргардондани назм нигоҳ мекарданд. Нависандаи ин мақола чиҳилупанҷумин раисҷумҳури Амрикоро низ дорои ҳамин вижагиҳо медонад.

Ба навиштаи Питер Франкопан, раҳбари муғул ба хушунати зиёд машҳур буд, аммо ин хушунатро ҳисобшуда ба кор мебурд, масалан, дар шаҳрҳои Марву Нишопур дастур дода буд, ки на танҳо ҳама инсонҳо, балки ҳатто ҳайвонотро ҳам бикушанд. Ин мақола меафзояд, Чингизхон бо ин равиш мехост чунон тарсе дар дили дигарон биандозад, ки ҳеҷ касро ёрои муқовимат дар баробари ӯ набошад ва Трамп ҳам ҳамин равиши Чингизро дар пеш гирифтааст, ки мушакборони Сурия, андохтани бузургтарин бомби дунё дар Афғонистон, фиристодани киштии ҳавопаймобар ба соҳили Корея ва таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба нобудии комил аз он ҷумла аст. Дар мақолаи рӯзномаи шведсияӣ омадааст, на Трамп ва на Чингиз ҳеҷ кадом аз афкори умум ва интиқодҳо нороҳат намешаванд ва барои ҳеҷ як аз ду раҳбар муҳим нест, ки мардум дар бораи онҳо чӣ мегӯянду чӣ менависанд.