Январ 24, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 14 кишвар дар Нишасти Сочи дар бораи Сурия

Намояндаи раисҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна аз ирсоли даъватномаҳое ба чандин кишвар барои ширкат дар Конгресси гуфтугӯҳои миллии Сурия дар Сочи хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Александр Лаврентев эълом кард, ин даъватномаҳо ба кишварҳои Чин, Амрико, Фаронса ва Британия ба унвони аъзои доимии Шӯрои амният ва низ кишварҳои Миср, Урдун, Ироқ, Қазоқистон, Лубнон ва Арабистони Саудӣ ирсол шудааст .

Лаврентев афзуд: Русия, Эрон ва Туркия ин даъватномаҳоро барои ширкат дар гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ ирсол кардаанд, то ин нишаст дар густардатарин тайфи мумкин ва бо ҳадафи пешбурди шароити навсозии Сурия ва ҳифзи ваҳдату якпорчагии сарзаминӣ ва истиқлоли ин кишвар баргузор шавад .

Сафорати Амрико дар Русия эълом кард, даъвати расмиро барои ҳузур дар нишасти Сочи дарёфт кардааст .

Конгресси музокироти миллии Сурия 30-31 январ дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад .