Ҷорҷ Сорос Трампро хатаре бузург барои ҷаҳон тавсиф кард
(last modified Sat, 27 Jan 2018 15:31:17 GMT )
Январ 27, 2018 20:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷорҷ Сорос  Трампро хатаре бузург барои ҷаҳон тавсиф кард

Ҷорҷ Сорос, миллиардери амрикоӣ гуфт, давлати Трамп, хатари бузургро барои ҷаҳон ба вуҷуд оварда ва бақои кулли тамаддуни мо, дар хатар қарор дорад.

Ба гузориши “Индепендент”, Ҷорҷ Сорос дар суханронии худ дар Давоси Швейтсария гуфт, давлати Трампро хатари бузург барои ҷаҳон медонам, аммо ба чашми давраии муваққат онро мебинам, ки то соли 2020 ё ҳатто зудтар нопадид хоҳад шуд.

Ин миллиардери 87 сола бо баёни ин ки тайи ҳузури Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед, равобит миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ вахимтар шудааст, афзуд, ба назар мерасад раҳбарони ду кишвар тамоюл доранд, ки хатари як ҷанг ҳастаиро ба манзури дар қудрат нигаҳ доштани худашон бипазиранд.

Ҷорҷ Сорос изъон кард, танҳо стратегияи оқилона пазириши воқеияти қудрати ҳастаӣ будани Кореяи Шимолӣ аст.

Ҷорҷ Сорос, ки муассиси Бунёди ҷомеаи боз аст, дар идома низ гуфт, раисиҷумҳури Амрико алоқа дорад, бо эҷод як "давлати мофиёӣ", ҳуқуқи ашхосро саркӯб кунад, аммо қонуни асосӣ, муассисот ва "ҷомеъаи мадании пӯё"-и Амрико, вайро қодир ба ин кор намесозад.

Сорос таъкид кард, ба далели хашме, ки Трамп дар миёни мухолифонаш барангехтааст, умеди зиёде ба пирӯзии азими демократҳо дар интихоботи миёндавраии соли 2018 дорад.