Ҳимояти раҳбари Ҳизби коргари Британия аз БАРҶОМ
(last modified 2018-01-28T15:48:12+00:00 )
Январ 28, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раҳбари Ҳизби коргари Британия аз БАРҶОМ

Раҳбари Ҳизби коргари Британия аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ҳимоят кард.

Ҷереми Корбин, раҳбари оппозитсияи Британия гуфт, ки тавофуқи ҳастаии Эрон хуб ва мавриди истиқболи ҷомеаи байналмилалӣ аст .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар ҷадидтарин иқдоми зидди барҷомӣ, 12 январи 2018 зимни тамдиди таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эрон таҳдид кард, мумкин аст, ин охирин бор бошад, ки ин корро анҷом медиҳад .

Трамп афзуд, дар сурате, ки намояндагони Конгресс ва давлатҳои аврупоӣ барои ислоҳи маойиби БАРҶОМ иқдом накунанд, ӯ дар мавъиди баъдии таълиқи таҳримҳо (120 рӯзи баъд) Амрикоро аз БАРҶОМ хориҷ хоҳад кард .

Эрон ҳаргуна музокираи муҷаддад дар мавриди БАРҶОМ ва тағйир дар ин тавофуқи байналмилалиро бо қотеият рад кардааст .

 

Барчасп