Январ 29, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Дидабони Ҳуқуқи Башар аз бозгашти оворагони мусулмон ба Миёнмор

Дидабони Ҳуқуқи Башар бо ибрози нигаронӣ аз бозгашти оворагон Рӯҳингиё ба Миёнмор эълом кард, ҳеҷ замонати байналмилалӣ барои муҳофизат аз ин оворагон дар Миёнмор, вуҷуд надорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Phil Robertson, муовини раиси осиёии Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), рӯзи якшанбе дар бораи амнияти оворагони Рӯҳингиё дар бозгашт ба кишварашон, ибрози тардид кард.

Robertson гуфт, ин имкон вуҷуд дорад ҳангоми бозгашти оворагони Рӯҳингиё ба Миёнмор шароите мушобеҳ, монанди ончи, ки боис шуд онҳо аз сарзаминашон бигурезанд ба вуҷуд ояд.

Бангладеш эълом кардааст, бар асоси тавофуқ бо давлати Миёнмор, раванди бозгашти садҳо ҳазор паноҳҷӯи Рӯҳингиё ба кишвари худ, аз авохири январи 2018 оғоз хоҳад шуд.

Бисёре аз мусулмонони Рӯҳингиё мегӯянд, ҳозир ба бозгашт ба Миёнмор нестанд ва Созмони Милали Муттаҳид низ эълом кардааст, бозгашти мусулмонони Рӯҳингиё бояд ба сурати довталабона анҷом шавад.