Январ 30, 2018 12:32 Asia/Dushanbe
  • Кудакфурушӣ, иттиҳоми додгоҳи Санкт-Петербург ба шаҳрвандони узбак ва тоҷик

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Узбакистон ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро ки муттаҳам ба хариду фуруши кудак шуда буданд муҷрим шинохт ва маҳкум ба зиндон кард.

Ба гузориши Спутник, равобит умумии Кумитаи бозҷӯии шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълом кард як шаҳрванди Узбакистон ки фарзандашро ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурухтааст бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба чаҳор сол зиндон маҳкум шуд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки зану шавҳар буданд низ ба ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург ҳар як ба се сол зиндон маҳкум шуданд.

Бар асоси ин гузориш шаҳрванди Узбакистон тобистони соли 2016 бо шаҳрвандони Тоҷикистон қарор баста буд, ки фарзандашро ки тирамоҳи 2016 ба дунё меомад ройгон ба онҳо медиҳад ва ин қарор 20 октяри соли 2016 дар хонае дар Санкт-Петербург амалӣ шуда буд.

Додстони шаҳри Санкт-Петербург иттило додааст, ки шаҳравандони Тоҷикистон ки намояндагони қонунии кудак набуданд ӯро дар хонаводаи худ тарбият мекарданд ва дар ҳоли ҳозир низ ҳеҷ кадом аз маҳкумшудагон худро дар ин қазия муҷрим намедонанд.

Ҳукми додгоҳ ҳануз ба таиди ниҳоӣ нарасидааст.