Январ 30, 2018 14:37 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Маскав аз талошҳои мухарриби Амрико алайҳи Русия

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе эълом кард, Амрико дар талош аст бо эъломи фаврии гузориши таҳримҳои худ, бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия таъсир бигузорад.

Ба гуфтаи вай, ин иқдом дар воқеъ талоше ғайридӯстона барои мунҳариф кардани интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия аст.

Вашингтон қарор буд рӯзи душанбеи 29-уми январ гузорише мунташир ва дар он феҳристе аз афродеро, ки ба раиси ҷумҳурии Русия наздик медонад, таҳрим кунад.

Бо ин ҳол, давлати Трамп эълом кард, ки феълан таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия ҷорӣ нахоҳад кард. Қарор буд дар қолаби таҳримҳои ҷадид 50 нафар аз олигархҳои наздик ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия мавриди таҳрими Амрико қарор гиранд.

Аз дидгоҳи Вашингтон эъломи таҳримҳои ҷадид бар асоси қонуни КОТСО таъсироти манфии худро аз ҷумла бар фурӯшҳои таслеҳотии Русия гузоштааст.

Демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико қонуни КОТСО-ро ба баҳонаи дахолати иддаоии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016-и Амрико тасвиб карданд то ба пиндори худ Маскавро муҷозот кардаву монеъ аз дахолатҳои эҳтимолии ояндаи он дар интихоботи Амрико шаванд.

Равобити Русия ва Амрико бо эъломи таҳримҳои ҷадид тавассути Вашингтон алайҳи Маскав дар марҳалаи ҷадиде аз танишҳо қарор гирифтааст.

Дар воқеъ, акнун шоҳиди ҷанги таҳримии Амрико алайҳи Русия ҳастем, ки Конгресси Амрико пешбарандаву мушаввиқи он будаву давлати Трамп низ бо он ҳамроҳ шудааст.

Алексей Мухин, таҳлилгари сиёсии рус муътақид аст, ки тарроҳони таҳримҳои ҷадиди зидди Русия дар Амрико иштибоҳи бузургеро муртакиб шудаанд, зеро қонуни таҳримии Русия роҳро барои ҳар гуна беҳбуди равобити Русияву Амрико баста ва боиси афзоиши танишҳо байни Маскаву Вашингтон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Вашингтон дар раъси кишварҳои ғарбӣ талоши ошкореро барои тазъифи Русия дар солҳои ахир, ба вижа аз тариқи мудохила дар умури дохилии ин кишвар, аз ҷумла афзоиши норизоиятиҳову тарғиби мардуми ин кишвар ба эътирозҳову нооромиҳои зиддидавлатӣ дар пеш гирифтааст.

Ҳадафи наздики Вашингтон акнун эҷоди ихтилол дар интихобот аз тариқи афзоиши фишорҳо алайҳи Русия, ба вижа аз тариқи эъмоли анвои таҳримҳо ва низ ироаи кумакҳои молӣ ба мухолифон дар дохили Русия бо ҳадафи барпоии тазоҳурот ва таҷаммуоти эътирозомез аст.

Идомаи иқдомоти хасмонаи Вашингтон алайҳи Маскав нишон медиҳад, ки амрикоиҳо мусаммам ҳастанд дар абъоди мухталифе русҳоро ба чолиш бикашанд.

Масъалае, ки вокуниш ва иқдомоти мутақобили Маскавро ба дунбол доштааст. Сергей Рогов, коршиноси сиёсии рус муътақид аст, имрӯз ҷанги сарди ҷадиде байни Русияву Амрико дар ҷараён аст.

Бо вуҷуди идомаи сиёсати ташдиди фишор аз сӯйи Амрико алайҳи Русия, бо ин ҳол таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, ки русҳо на фақат дар муқобили ин фишорҳо муқовимат кардаанд, балки ба иқдомоти ҷавобӣ пардохтаву дар айни ҳол талош кардаанд то таҳримҳои амрикоиро аз таҳдид ба фурсат табдил кунанд.

 

 

Барчасп