Феврал 04, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Армуғони сиёсати ҳастаии Амрико, нобудии башарият

Вазорати дифои Амрико санади баррасии вазъияти ҳастаӣ (NPR)-ро рӯзи ҷумъа мунташир кард.

Дар санди “Баррасии вазъияти атомии Иёлоти Муттаҳида”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шароити истифода аз силоҳи атомиро тасҳил карда ва маҳдудиятҳои истифода аз ин таслеҳотро коҳиш додааст .

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон шанбе шаб дар вокуниш ба сиёсатҳои ҳастаии ҷадиди Амрико дар Твиттери худ навишт:

“Бозбинии вазъияти ҳастаии Амрико, бозтобе аз иттикои бештари Амрико ба таслеҳоти атомӣ ва нақзи муоҳидаи манъи тавлиду густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) аст” .

Зариф афзуд: “Тааҷҷубе нест, ки чаро “соати охирулзамон” дар хатарноктарин вазъияташ аз соли 1953 қарор дорад”.

Охирулзамон соате намодин аст, ки гурӯҳе аз донишмандони атомӣ барои нишон додани эҳтимоли хатари ҷанги атомӣ сохтаанд.

Замоне, ки ин соат ба 12 бирасад, ба маънии вуқуи ҷанги атомӣ аст .

Рейчел Бренсон, раиси бюлети донишмандони атомӣ эълом кард:

“Ба хотири хатарҳои ғайримаъмули замони ҳозир, кумитаи илм ва амнияти бюлет, ақрабаҳои соати охирулзамонро 30 сония ба замони фоҷеа наздиктар кард. Ин наздиктарин вазъияти соат ба охирулзамон аст ва пеш аз ин, танҳо як бор рӯи ин вазъият танзим шуда буд: Соли 1953 ва дар авҷи ҷанги сард”.

Ақрабаҳои соати охирулзамон танҳо 2 дақиқа ба 12 қарор дорад, ки ин наздиктарин ҳолат ба ҷанги атомӣ аз нимаи қарни гузашта токунун аст .

Роҳбурди атомии Амрико метавонад хатароти зиёде дар робита бо густариши истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ба дунбол дошта бошад.

Майкла Доҷ, таҳлилгари бунёди Ҳеритеҷ, дар бораи ин санад гуфт:

“Ба назар мерасад, дар пешнависи ин санад дар хусуси замону чигунагии иқдоми талофиҷуёнаи Амрико амдан мубҳам суҳбат шудааст, то Амрико аз боздорандагии беҳтаре дар баробари кишварҳои мутахосим бархурдор бошад”.

Дар ин санад аз нақши силоҳҳои ҳастаӣ ба унвони як нерӯи боздоранда ном бурда мешавад ва маънояш метавонад ин бошад, ки Амрико дар ҳоли бардоштани мавонеи эҳтимолӣ дар истифода аз гузинаи силоҳи атомӣ ба ҳар баҳонаест .

Акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки Амрико бо чунин тафаккуроти хатарноке чигуна худро нигарони таҳдидҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад.