Феврал 07, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози умедвории сафири Эрон дар Маскав бар густариши забони форсӣ

Сафири ҷумҳурии исломӣ дар Русия ибрози умедворӣ кард, забони форсӣ ҳамонанди равобити Эрону Русия дар ин кишвар низ густариш ёбад.

Ба гузориши ИРНА, Меҳдии Саноӣ дар маросими ихтитомияи чаҳордаҳумин Олимпиадаи забону адабиёти форсӣ, ки дар Институти Осиё ва Африқои вобаста ба Донишгоҳии давлатии Маскав баргузор шуд, ибрози умедворӣ кард, ки эроншиносӣ ва омӯзиши забони форсӣ по ба пойи равобити Эрону Русия рушд кунад.

Вай бо баёни ин ки иқдомоти зиёде дар тавсеаи забони форсӣ ва эроншиносӣ дар Русия анҷом гирифтааст, афзуд, равобити ду кишвар дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ тавсеаи фаровон ёфтааст.

Саноӣ бо таъкид бар ин ки дар 500 соли гузашта равобити Эрону Русия ба ин шакл набудааст, хотирнишон кард, ҳамкориҳои ду кишвар пешрафтҳову самароти хубе дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризм доштааст.

 

Барчасп