Феврал 07, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаластинӣ хитоб ба намояндаи Амрико дар СММ: Даҳонатро бибанд

Дабири кулли кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид аз ӯ хост, даҳонашро бибандад.

Соиб Ариқот дар вокуниш ба изҳороти Ники Хейли, ки ба таври ғайримустақим Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластинро тарсу хонда буд, ба ӯ ҳушдор дод, даҳонашро бибандад.

Ники Хейли Маҳмуд Аббосро бо Малик Ҳусайн, шоҳи собиқи Урдун ва Анвар Содот, раисҷумҳури асбақи Миср муқоиса кардаву гуфта буд: “Агар Маҳмуд Аббос мехоҳад, худашро монанди яке аз ин раҳбарон нишон диҳад, мо истиқбол мекунем, аммо иқдомоти ахири ӯ акси ин мавзуъро нишон медиҳад. Мо ба раҳбарони шуҷоътар ниёз дорем”.

Соиб Ариқот дар посух ба ин интиқодоти Ники Хейли ҳамчунин гуфт: Хейли дар ҳоле ба барканории раиси Ташкилоти худгардони Фаластин фаро мехонд, ки Маҳмуд Аббос комилани демократик интихоб шудааст .

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар суханони сешанбеи худ таъкид кард, Қудс, пойтахти Фаластин аст ва ин ташкилот ҳаргиз онро ба унвони пойтахти режим саҳюнистӣ нахоҳад пазируфт .

 

Барчасп