Феврал 07, 2018 21:55 Asia/Dushanbe
  • Баҳонаҷуии Вашингтон алайҳи Маскав барои тақвияти зарродхонаи ҳастаӣ

Ҷеймс Матис, вазири дифои Амрико рӯзи сешанбе изҳор дошт, ин кишвар талош мекунад, бо докторини ҳастаии ҷадиди худ, ки тавлиди ду силоҳи ҳастаии ҷадидро шомил мешавад, Маскавро ба риояти тавофуқҳое аз ҷумла паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (Ой Эн Эф) мутақоид кунад.

Изҳороти Матис ва иддаои нақзи паймони таслеҳоти ҳастаии миёнбурд тавассути Русия дар воқеъ баҳонае барои сохт ва истиқрори таслеҳоти ҳастаии ҷадид тавассути Амрико қаламдод мешавад .

Кингстон Риф, коршиноси сиёсӣ муътақид аст, докторини ҳастаии ҷадид сенариюеро ба вуҷуд меоварад.

Бар асоси он, Амрико мумкин аст, аз таслеҳоти ҳастаӣ истифода кунад, бинобарин хатари истифода аз таслеҳоти ҳастаиро афзоиш медиҳад .

Вашингтон дар докторини ҳастаии ҷадиди худ Русия ва Чинро ба унвони таҳдидоти ҳастаӣ баршумурдааст.

Бо ин ҳол, рӯи сухани аслии ин санади роҳбурдии Амрико бо Русия аст, ки дорои ҳамтарозии ҳастаӣ бо Амрико буда ва аз нигоҳи Вашингтон таҳдиди аслии ҳастаӣ аст .

Амрикову Русия якдигарро ба адами пайбандӣ ба паймони “Нерӯҳои ҳастаии миёнбурд” муттаҳам мекунанд.

Ин ду кишвар дар соли 1987 дар Вашингтон ин паймонро имзо карданд, ки аз соли 1988 ба иҷро даромад .

Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд, тарафайни ин паймонро аз истиқрори мушакҳои баллистик ва мӯшакҳои крузи дорои бурди 500 то 5500 километр дар Аврупо манъ мекунад .

Амрико пештар Русияро ба далели иддаои истиқрори мушакҳои круз дар Аврупо ба нақзи паймони (Ой Эн Эф) муттаҳам кардааст.

Русҳо низ тарҳи Амрико барои интиқоли бомбҳои ҳастаии ҷадид ба Аврупо мавсум ба B 12-61-ро аз мавориди нақзи bн паймон талаққӣ кардаанд .

Дар айни ҳол, яке аз муҳимтарин интиқодоти матраҳшуда дар бораи докторини ҳастаии ҷадиди Амрико, судури муҷаввизи сохти таслеҳоти ҳастаии ҷадидест, ки қудрати тахриби камтаре дорад ва истилоҳан корбурдӣ ҳастанд .

Ба назар мерасад, докторини ҳастаии ҷадиди Амрико роҳро барои иттихози руйкарди таҳоҷумитар дар арсаи ҳастаӣ барои Пентагон боз карда ва ба афзоиши эҳтимоли бурузи даргирии ҳастаӣ дар ҷаҳон хоҳад анҷомид .