Таҳасуни баҳрайниҳо дар ҳимоят аз Шайх Исо Қосим
(last modified Thu, 25 Aug 2016 07:17:09 GMT )
Август 25, 2016 12:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳасуни баҳрайниҳо дар ҳимоят аз Шайх Исо Қосим

Баҳрайниҳо бори дигар дар ҳимояти шайх Исо Қосим, рӯҳонии шиаи баҳрайнӣ дар Манома-пойтахти Баҳрайн, таҳасун карданд.

Ба гузориши телевизиони Луълу, баҳрайниҳои таҳасункунанда намози шому хуфтанро ба ҷамоат наздики хонаи шайх Исо Қосим ва майдонҳои муҷовир иқома карданд.

Таҳасункунандагоне, ки барои 66-умин рӯзи мутаволӣ дар ин минтақа таҳасун кардаанд таъкид карданд, ба ҳамбстагӣ ва истодан дар канори шайх Исо Қосим ва дифоъ аз шиаён идома медиҳанд.

Баҳрайниҳо иқдомоти саркӯбгаронаи режеми Оли Халифаро алайҳи уламо ва рӯҳониён маҳкум карданд.

Таҳасункунандагони баҳрайнӣ бо сар додани шиорҳо зидди режеми Оли Халифа, бар озодии ҳамаи зиндонёни сиёсӣ ва рӯҳониёни боздошт шуда аз зиндонҳои режеми Оли Халифа таъкид карданд.

Режеми Баҳрайн моҳи июн 2016, тобеияти шайх Исо Қосим, рӯҳонии барҷастаи шиаро салб кард, ки ин иқдом вокунишҳои тундеро дар байни шиаёни Баҳрайн ва ҷаҳон барангехт.

Баҳрайн аз феврали 2011 саҳнаи эътирозоти мусоламатомези зидди режеми Оли Халифа аст.

Мардуми Баҳрайн хоҳони ислоҳоти сиёси, озодӣ, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишваршон ҳастанд, аммо режеми Оли Халифа ҳамвора бо саркӯб ба эътирозоти инҳо посух медиҳад.

 

 

Барчасп