Боздошти 2 нафар ба иттиҳоми ҷаъли асноди коргарони муҳоҷир дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29747-Боздошти_2_нафар_ба_иттиҳоми_ҷаъли_асноди_коргарони_муҳоҷир_дар_Русия
Дар амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия дар шаҳри Маскав 2 фарди мазнун ба иттиҳоми таҳияи асноди ҷаълӣ (тақаллубӣ) барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 10, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 2 нафар ба иттиҳоми ҷаъли асноди коргарони муҳоҷир дар Русия

Дар амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия дар шаҳри Маскав 2 фарди мазнун ба иттиҳоми таҳияи асноди ҷаълӣ (тақаллубӣ) барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шудаанд.

Ба гузориши “Спутник”, хонум Ирина Волк, сухангӯи Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ин ду нафар бо таҳияи асноди ҷаълӣ заминаи ҳузури ғайриқонунии садҳо коргари муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави Русияро фароҳам кардаанд.

Вай таъкид кард, ки афроди боздоштшуда бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта ба таҳияи раводид, корт, гувоҳиномаи пизишкӣ ва муҷаввизи ҷаълии кор ва иқомат дар Русия барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ иқдом мекарданд ва барои ин кор маблағҳои зиёде низ дарёфт кардаанд.

Аз маҳалли боздошти онон муҳрҳои вазоратхонаҳо ва идороти давлатии Русия ва гузарномаҳои садҳо коргари муҳоҷири хориҷӣ кашф шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дохилии Русия, тайи соли 2017 беш аз 136 ҳазор мавриди нақзи қонун ва муқаррароти иқомат ва кори атбои хориҷӣ дар Русия ба сабт расида, ки муҷиби ихроҷи садҳо нафар аз онон шудааст.

Ҳамчунин тайи 5 соли ахир 540 ҳазор нафар аз атбои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели нақзи қонуни иқомат ва кор ихроҷ ва вуруди 2 миллион нафар аз онон ба Русия мамнуъ шудааст.