Август 25, 2016 17:49 Asia/Dushanbe
  • 13 кушта ва 35 захмӣ - натиҷаи ҳамла ба Донишгоҳи амрикоии Кобул

Ҳамлаи интиҳории шаби гузашта ба Донишгоҳи амрикоии Кобул пас аз 10 соати набард байни муҳоҷимони мусаллаҳ бо нерӯҳои амниятии Афғонистон субҳи имрӯз ба поён расид.

Ба гузориши ИРНА, Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси Кобул ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамлаи интиҳорӣ ва даргириҳои мусаллаҳона дар ин донишгоҳ 13 кушта ва 35 маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст, ки 9 тан аз захмишудагон аз низомёни афғон ҳастанд. Ӯ афзуд, ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи амрикоии Кобул наздик ба 750 донишҷӯ дар дохили донишгоҳ будаанд, ки пулис тавонистааст ҳамаи ононро аз донишгоҳ ба берун барорад.

Басир Муҷоҳид, сухангӯи раиси пулиси Кобул низ эълом кард, ки 7 донишҷӯ, 3 маъмури пулис ва ду нигаҳбон дар ҳамла ба Донишгоҳи амрикоии Кобул кушта шудаанд.

Афроди мусаллаҳ рӯзи чаҳоршанбе, тақрибан соати 20, ба вақт маҳаллӣ ба Донишгоҳи амрикоии шаҳри Кобул ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса ду муҳоҷими мусаллаҳ баъд аз анҷоми амалиёти интиҳорӣ кушта шуд.

Донишгоҳи амрикоии Кобул 1700 донишҷӯ дорад.

 

Барчасп