ДИИШ ба думболи тасаллут бар бозори маводи мухаддир дар Афғонистон
(last modified Wed, 21 Feb 2018 08:20:08 GMT )
Феврал 21, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ ба думболи тасаллут бар бозори маводи мухаддир дар Афғонистон

Як мақоми амниятии минтақаӣ гуфт, далоиле вуҷуд дорад, ки метавон пешбинӣ кард, ДИИШ ба думболи тасаллут бар бозори маводи мухаддир дар Афғонистон ва қочоқи он ба хориҷ аз ин кишвар аст.

Ба гузориши РИА Новости, Андрей Новиков, раиси Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зимни суханронӣ дар нишасти амниятии ин кишварҳо дар шаҳри Одинтсовои Русия изҳор дошт, бақоёи шикастхӯрдаи гурӯҳи такфирӣ –террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли мунтақил шудан ба кишварҳои дигари минтақа ҳастанд.

Ба гуфтаи Новиков, дар ҳоли ҳозир ҳастаи ҷадиди ДИИШ ба унвони ҷойгузини Сурия ва Ироқ, дар Покистон ва Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Раиси Маркази зиддитеррористии ИДМ дар ин замина гуфт, ДИИШ фақат зоҳири худро тағйир медиҳад, вале дар асл ҳамон ташкилоти фарогири мазҳабӣ- амниятӣ- сиёсӣ аст.

Андрей Новиков дар бораи эъзоми ҷангҷӯён ба Афғонистон низ гуфт, ин раванд мушобеҳи равише аст, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ шакл гирифт.