Феврал 22, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • 31 миллион доллар - ҳаҷми мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистон ва Озарбойҷон

Мақомоти иқтисодии Ӯзбакистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар нишасте дар шаҳри Тошканд эълом карданд, мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2017-и мелодӣ ба 31 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс» дар Тошканд, дар нишасти бозаргонӣ ва бурси таовуни (кооператив)-и Ӯзбакистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Тошканд таъкид шуд, содирот ба ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли гузашта аз сатҳи 26 миллион доллар фаротар рафта ва воридот аз Озарбойҷон тақрибан дар сатҳи панҷ миллион доллар қарор гирифтааст.

Дар ин нишасти бозаргонӣ беш аз 20 намояндаи ширкатҳои бузурги ҷумҳурии Озарбойҷон ва беш аз 50 масъули корхонаҷоти маҳаллии фаъол дар заминаҳои сохтмонӣ, бозаргонӣ, дорусозӣ, маводи бастабандӣ, полиграфӣ ва дигар ҳавзаҳо ҳузур доштанд.

Ширкаткунандагон ибрози умедворӣ карданд, талошҳои намояндагони ду кишвар барои ҳамкориҳои бештар ва мутақобил байни корофаринон дар ояндаи наздик самароти бузургеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Онон ҳамчунин таъкид карданд, Ӯзбакистон таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба эҷоди шароити муносиби бозаргонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.   

Ироаи имтиёзот ва сабукиҳои молӣ ва авлавиятҳо барои корофаринони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, озод кардани сиёсати арзӣ, коҳиши шадиди бозрасии корофаринон ва ба кор бурдани равиши сабукидиҳӣ дар ихтисоси эътибор аз он ҷумла аст.

Ҳамакнун дар Ӯзбакистон 84 ширкати муштарак бо сармояи сармоягузорони озарбойҷонӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, мошинсозӣ, филизкорӣ, энержӣ, ироаи хадамот, саноеи сабук ва ғизоӣ фаъолият мекунанд.

 Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон истиқлоли ин кишварро дар таърихи 19-уми октябри соли 1991-и мелодӣ ба расмият шинохта ва дар октябри соли 1995-и мелодӣ байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.