Феврал 25, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи оташбаси 30 рӯза дар Сурия дар Шӯрои амният тасвиб шуд

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе, қатъномае барои иҷрои оташбаси 30 рӯза дар Сурия ва эҷоди дастрасии башардӯстона ба манотиқи таҳти муҳосира тасвиб кард; Бо фишори Русия, гурӯҳҳои террористӣ аз зери чатари ҳимояти ин оташбас берун рафтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин қатънома бо раъй мусбати ҳамаи аъзои доим ва ғайридоим тасвиб шуд.

Бар асоси тавофуқи ба амал омада миёни аъзои Шӯрои амният, дар муддати замони иҷроии оташбас, дастрасии башардӯстона ба бархе манотиқи таҳти муҳосира дар Сурия, ба хусус Ғӯтаи шарқӣ эҷод хоҳад шуд.

Гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико аз ҷумла Алқоида, Ҷабҳат ул Нусра ва ДИИШ аз шумули ин оташбас мустасно шудаанд.

Ғӯтаи шарқӣ, минтақае роҳбурдӣ дар наздикии Димишқ- пойтахти Сурия аст, ки артиши Сурия қасд дорад онро аз вуҷуди террористҳо поксозӣ кунад.

Террористҳо ба таври рӯзона аз Ғӯтаи шарқии Димишқ, шаҳрвандони суриро бо хумпора ҳадаф қарор медиҳанд.

Пешнависи аввалияи ин қатънома, ки тавассути Кувейт ва Шветсия навишта шуда буд, рӯзи панҷшанбе ба Шӯрои амният ироа шуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба ихтилоф аъзо, раъйгирӣ ба таъвиқ афтод.

Ҷумъашаб ҳам раъйгирӣ барои бор дуввум ба таъвиқ афтод, то инки рӯзи шанбе саранҷом нишасти Шӯрои амният бо чанд соат таъхир шурӯ ба кор кард ва раъйгирӣ анҷом шуд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон аз ҷумла Бритониё  ва Фаронса барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

 

Барчасп