Феврал 25, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Террори узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон

Як узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон дар шаҳри Кобул террор шуд.

Рафиуллоҳи Гулафғон, узви аршади Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон шанбе шаб дар ҳамлаи мусаллаҳона дар минтақаи Саркутали Хайрхона дар шимоли шаҳри Кобул, кушта шуд. Дар ин ҳамла 2 муҳофизи вай низ кушта шуданд.

Гулафғон, сокини шаҳристони Қарабоғи Кобул ва аз фармондеҳони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон буд.  

Токунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст ва иллати ангезаи қатл ҳам мушаххас нест.