Ҳабси руҳониён дар сурати иқомаи намоз бидуни муҷавиз дар Озарбойҷон
(last modified Wed, 28 Feb 2018 05:41:04 GMT )
Феврал 28, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳабси руҳониён дар сурати иқомаи намоз бидуни муҷавиз дар Озарбойҷон

Давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо тағйири қонуни кайфарӣ, руҳониёни таҳсилкарда дар хориҷ аз кишварро дар сурати иқомаи намоз ё иҷрои ҳар маросими динии дигар бидуни муҷавизи марказҳои давлатӣ ба як сол ҳабс ва ҷаримаи пулӣ маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Рипорт, хориҷиҳо ё афроде ки бидуни тобеъият(шаҳрвандӣ) ҳастанд дар сурати иҷрои ойинҳои динӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон бидуни гирифтани муҷавиз ба як то ду сол зиндон маҳкуми хоҳанд шуд.

Идораи мусулмонони Қафқоз бо мувофиқати Кумитаи давлатии умури гуруҳҳои динӣ ихтиёр хоҳад дошт барои коршиносони динии хориҷӣ ё руҳониёни таъсилкарда дар хориҷ аз кишвар муҷавизи иҷрои ойинҳои диниро содир кунад.

Ин тағйир дар қонуни кайфарии Озарбойҷон дар рӯзи шашуми март дар маҷлиси ин кишвар тасвиб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки пештар ҳукми боздошти қатъии шайх Сардор Ҳоҷӣ Ҳасаналӣ ба шикояти фармондори шаҳри Масаллӣ ва ба хотири баргузории намози ҷумъаи ин шаҳр дар феврали 2017 содир ва бар асоси он ба 37 рӯз ҳабс маҳкум шуд.

То кунун бисёре аз фаолони динӣ ва ташкилоти исломӣ дар Озарбойҷон ва ҳамчунин шумори зиёде аз руҳониёни барҷастаи Русия ба ноодилона будани ин ҳукм вокуниш нишон додаанд.