Феврал 28, 2018 11:17 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати созмонҳои ҳуқуқи башари Британия бо сафари валиаҳди Саудӣ

Созмонҳои ҳуқуқи башари Британия бо сафари валиаҳди Саудӣ ба ин кишвар мухолифат карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, пас аз эъломи дафтари нахуствазири Британия дар бораи сафари валиаҳди Саудӣ, созмонҳо ва анҷуманҳои ҳуқуқи башар хоҳони баргузории роҳпаймоӣ алайҳи ин сафар шуданд.

Муҳаммад ибни Салмон қарор аст дар таърихи ҳафтуми март ба Британия сафар кунад.

Пойгоҳи интернетии "Мидл Ист Ай"-и Британия ба нақл аз сухангӯи Эътилофи “Ҷангро мутаваққиф кунед” навишт, муҳандиси ҷанги ваҳшиёнаи Саудӣ дар Яман, дар Лондон мавриди истиқбол нахоҳад буд.

 Эътилофи таваққуфи фурӯши аслиҳаи Британия ба Арабистон низ гуфт, шоиста нест давлати Британия аз шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон барои сафар ба ин кишвар даъват кардааст. Зеро ӯ раҳбарии кишвареро бар ӯҳда дорад, ки пешинае ваҳшатнок дар заминаи ҳуқуқи башар дорад.

Пеш аз ин низ бо мухолифатҳои мардумӣ ва дархости ҳуқуқдонон, сафари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ба Британия, ки қарор буд авохири январ ва авоили феврал анҷом шавад, ба таъхир афтод.