Трамп ба думболи берун рондани духтар ва домодаш аз Кохи Сафед
Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” навишт, раиси ҷумҳурии Амрико дар талош аст, духтар ва домодашро аз симматҳои мушовираӣ дар Кохи Сафед канор бигузорад.
Ба гузориши рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк Таймз”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико аз Ҷон Келли, раиси коркунони Кохи Сафед барои ихроҷи духтараш Иванка Трамп ва домодаш Ҷаред Кушнер аз симматҳои мушовираӣ дар Кохи Сафед кумак хостааст.
Бар асоси ин гузориш, Трамп дар мавриди масоили перомуни Кушнер, аз ҷумла гирифториҳои ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти комиссияи бурс ва авроқи баҳодор аз ширкати муомилоти амлоки мутааллиқ ба хонаводаи Кушнер нигарон аст.
Дар ин гузориш омадааст, дастёрони Трамп мегӯянд, ӯ ҳамзамон бо ин ки ба Кушнер ва Иванка гуфта, бояд дар Кохи Сафед бимонанд ва вазоифашонро анҷом диҳанд, ба сурати махфиёна аз Келли хоста, ба ӯ кумак кунад то онҳоро ихроҷ кунад.
Ин гузориш дар шароите мунташир мешавад, ки Иванка, духтари раиси ҷумҳурии Амрико таҳти таҳқиқоти бахши зиддиҷосусии Идораи таҳқиқоти федералии Амрико (FBI) қарор гирифт.
Маъмурони зиддиҷосусии FBI дар ҳоли таҳқиқ дар бораи муомилоти тиҷории марбут ба Иванко Трамп, духтар ва мушовири раиси ҷумҳурии Амрико бо ширкатҳои хориҷӣ ҳастанд.
Пештар низ гузоришҳое мунташир шуда буд, ки Трамп аз домод ва духтараш хостааст то Кохи Сафедро тарк кунанд.