Ҳиҷоб барои пулисҳои зани Туркия қонунӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3073-Ҳиҷоб_барои_пулисҳои_зани_Туркия_қонунӣ_шуд
Туркия барои нахустин бор ба пулисҳои зан иҷоза дод, то аз ҳиҷоб ба унвони бахше аз юниформ истифода кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 27, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳиҷоб барои пулисҳои зани Туркия қонунӣ шуд

Туркия барои нахустин бор ба пулисҳои зан иҷоза дод, то аз ҳиҷоб ба унвони бахше аз юниформ истифода кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, бар асоси ҳукми ҷадиде, ки имрӯз (шанбе) дар рӯзномаи расмии ин кишвар мунташир шуд, пулисзанҳои Туркия ба шарти ин ки ҳиҷобшон ҳамранги юниформашон бошад, метавонанд аз русарӣ истифода кунанд. Қавонине, ки дар рӯзномаи расмии Туркия мунташир мешавад, ба маҳзи интишор қобили иҷро ҳастанд. Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия аз дербоз барои рафъи маҳдудиятҳои занон дар заминаи ҳиҷоб дар давлати секулори ин кишвар талош кардааст. Туркия дар соли 2010 мамнуияти ҳиҷоб дар донишгоҳҳоро лағв кард. Аз соли 2013 пӯшиши исломӣ ва ҳиҷоб барои донишомӯзони духтар дар муассисоти давлатӣ ва аз соли 2014 ҳиҷоб барои донишомӯзони дабиристонҳои Туркия имконпазир шуд. Мунтақидони Эрдуғон ҳамвора вайро ба тазъифи аслҳои ҷудоии дин аз сиёсат, ки Камол Отатурк дар соли 1923 таъсис кард, гиламанд будаанд. Расонаҳои ҳомии давлати Туркия ёдоварӣ мекунанд, ки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ муддатҳо аст, ки иҷозаи истифода аз ҳиҷобро ба афсарони зан додаанд. Пулиси Шотландия дар моҳи мелодии ҷорӣ ба занон иҷоза дод, ки ҳангоми кор русрӣ ба сар кунанд, Лондон як даҳа қабл ин қонунро тайид карда буд. Давлати Канада низ бо умеди ҷазби занони мусулмон дар ҳафтаи гузашта эълом кард, ки ба афсарони пулиси зан иҷоза медиҳад, ҳиҷобро ба унвони бахше аз юниформи худ истифода кунанд.