Март 04, 2018 21:19 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои коҳиши ҳамкории Русия ва кишварҳои Ҳамсуд

Вазорати умури хориҷаи Русия аз талошҳои Амрико барои коҳиши ҳамкории ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бо Маскав хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Амрико дар талош аст, ба фароянди ҳамкориҳои чандҷонибаи кишварҳои Осиёи Миёна бо Маскав ва фазои идғоми баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ хотима диҳад.

Ин вазоратхона бо маҳкум кардани суханони Ҷозеф Уиттел, раиси фармондеҳи марказии нерӯҳои Амрико овардааст, мавзеъгириҳои Уиттел нишондиҳандаи умқи пешфарзҳои зидди русӣ дар Вашингтон аст.

Ҷозеф Уиттел гуфта буд, кишварҳои Осиёи Миёна ҳануз ҳам дар масоили иқтисодӣ ва амният ба Русия такя мекунанд ва идғоми Авруосиё низ маншури бозсозии нуфузи Русия аст.

Тибқи эъломи Вазорати хориҷаи Русия, дар даҳ соли гузашта ҳаҷми кумакҳои Маскав ба тавсеаи кишварҳои Осиёи Миёна ба беш аз 6 миллиард доллар расидааст.

 

Барчасп