16 ҳазор фунт - подоши тамҷид аз валиаҳди Саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31075-16_ҳазор_фунт_подоши_тамҷид_аз_валиаҳди_Саудӣ
Намояндаи Ҳизби муҳофизакори Англия, ки дар Маҷлиси авом аз валиаҳди Саудӣ тамҷид карда буд, беш аз 16 ҳазор фунт кӯмаки молӣ аз подшоҳи Арабистони Саудӣ дарёфт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 09, 2018 17:18 Asia/Dushanbe
  • 16 ҳазор фунт - подоши тамҷид аз валиаҳди Саудӣ

Намояндаи Ҳизби муҳофизакори Англия, ки дар Маҷлиси авом аз валиаҳди Саудӣ тамҷид карда буд, беш аз 16 ҳазор фунт кӯмаки молӣ аз подшоҳи Арабистони Саудӣ дарёфт кард.

Ба гузориши рӯзномаи “Дейли миррор”, Лео Дучерте шоҳзода Салмонро, ки ба Лондон сафар карда буд, «қудрате барои суботи густурда дар як минтақаи бисёр бесубот» тавсиф кард.

Лео Дучерте тайи шаши моҳи гузашта ду бор ба Арабистони Саудӣ сафар ва ҳазинаи парвозу меҳмонхонаашро хонаводаи салтанатии Саудӣ пардохт карданд. Ӯ дар нахустин сафари худ, яъне се моҳ пас аз интихоб шуданаш ба унвони намоянда бо подшоҳ Салмон Абдулазиз ибни Сауд ва соири мақомоти аршади давлат дидор кард, то аз ҳамкории ду кишвар ҳимоят кунад.

Ӯ аз Тереза Мэй, нахуствазири Англия хостааст, ба валиаҳди Саудӣ итминон диҳад, ки Англия дар канор вай хоҳад истод ва аз он ҳимоят мекунад.