Август 28, 2016 19:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Трамп бар ҳамсӯии расонаҳои Амрико бо низоми фиребу найранг

Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, расонаҳои Амрико ҳамсӯ бо низоми сиёсии фиребу найранги ҳоким бар кишвар ҳаракат мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Доналд Трамп дар яке аз таҷаммӯҳои интихоботиаш дар Айова гуфт: "Хоҳони он ҳастам, ки шароити зиндагӣ барои коргарони амрикоӣ беҳтар шавад, аммо то замоне, ки қудрати инҳисории гурӯҳҳои дорои манофеи хос шикаста нашавад ва қудрат бори дигар ба мардум бозгардонда нашавад, чунин ҳадафе таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард".

Трамп гуфт , расонаҳои амрикоӣ комилан орӣ аз садоқат ҳастанд ва бахше аз низоми фиреб ҳастанд. Онҳо мекӯшанд мардумро аз тағйироти мусбат дур кунанд, ки шоистагии бархурдорӣ аз онро доро ҳастанд.

 Трамп афзуд: "Расонаҳо дар бораи мушкилоти воқеӣ сӯҳбат намекунанд, ки кишвари мо бо онҳо мувоҷеҳ аст. Тасаввур кунед, агар расонаҳо ба ин масоил мепардохтанд, чӣ вазъе пеш меомад".

Номзади ҷумҳурихоҳ гуфт, ноябри имсол мардуми Амрико бадбиниҳои гузаштаро рад хоҳанд кард ва ба пешвоиз нигоҳи хушбинона ба оянда хоҳанд рафт.

 

Барчасп