Март 10, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи муҳоҷимони исломситез ба масҷиде дар Олмон

Дар идомаи иқдомоти исломситезона дар Олмон ҷумъашаб як масҷид дар шаҳри Лавфен воқеъ дар ҷануби ғарби Олмон ҳадафи ҳамлаи ашхоси ношинос қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи ИРНА, Дабири кулли як анҷумани исломии маҳаллӣ дар иёлати Баден- Вуртемберг (Baden-Württemberg)-и  Олмон гуфт: Муҳоҷимон бо Кактел Малатоф ба масҷиди Оқшамсуддин ҳамла ва хасоратҳое ба масҷид ворид карданд.

Бикр Алтош аз мақомоти амниятии иёлати Баден-Вуртемберги Олмон хост омилони ин ҳамларо шиносоӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол полиси Олмон эълом кард: Таҳқиқоти худро дар хусуси ин ҳамла оғоз кардааст.

Дар моҳҳои ахир ба вижа пас аз ҳамлаҳои террористии ДИИШ дар кишварҳои аврупоӣ тарвиҷи падидаи "исломҳаросӣ" ва иқдомоти исломситезона дар кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Олмон сабаби дар тангно қарор гирифтани ҷомеъаи мусулмонон шудааст.

Ба эътирофи мақомот ва коршиносони ғарбӣ сабаби аслии нооромиҳои ахири Аврупо ҳимояти бедариғи ғарбиҳо аз гуруҳи террористӣ дар Сурия ва Ироқ аст.

Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҳозир бо бозгашти аъзои аврупоии террористҳои ДИИШ ру ба ру шудаанд.