Март 11, 2018 20:23 Asia/Dushanbe
  • Сафири Англия дар Теҳрон: Амнияти дипломатҳо аҳаммияти зиёде барои мо дорад

Сафири Англия дар Теҳрон зимни ибрози таассуф аз ҳодисаи ҳамла ба сафорати Эрон дар Лондон гуфт: Амнияти дипломатҳо аҳаммияти зиёде барои Англия дорад.

Николас Ҳоптон, сафири Англия дар Теҳрон дар Твиттер навишт: “Британия тааҳҳудоти худро дар Конвенсияи Вена ҷиддӣ мегирад, амнияту саломатии дипломатҳо ва маъмурони дипломатик дар Британия барои кишвараш аҳаммияти зиёде дорад”.

Иддае, ки худро тарафдорони фирқаи Шерозӣ номиданд, ҷумъа ба сафорати Эрон дар Лондон таарруз карданд .

Фирқаи Шерозӣ, ки аз он ба унвони шиаи англисӣ ҳам ёд мешавад, таҳти таъсири фарде ба номи Содиқи Шерозӣ аст, ин фирқа ба муқаддасоти аҳли суннат низ иҳонат ме‌кунад.

Дар паи таарруз ба сафорати Эрон дар Лондон ва иҳонат ба парчами ҷумҳурии исломии Эрон, Николас Ҳоптон, сафири Англия дар Теҳрон, рӯзи шанбе тавассути мудири кулли аврупоии Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози муҷаддади Теҳрон ба вай иблоғ шуд .

 

 

Барчасп