СММ: Куштори руҳингиёиҳо наслкушӣ аст
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Миёнмор саркӯби мусалмонони Руҳингиёро наслкушӣ хонда, давлати Миёнморро масъули он донист.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Янги Ли (Yanghee Lee) рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева гуфт: “Мутақоид шудаам, ҷиноятҳое, ки зидди мусалмонони Миёнмор рух медиҳад, нишонаҳое аз наслкушӣ доранд ва давлати Миёнмор масъули мустақими он аст". Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба гузоришҳои муътабар дар бораи куштори мусалмонони Руҳингиё, аз ҷумла зинда сӯзонидани онҳо дар оташ гуфт, ки то кунун ба дархостҳои ӯ барои вуруд ба Миёнмор ва боздид аз маҳалли рух додани ин ҷиноятҳо таваҷҷуҳ нашудааст. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Миёнмор афзуд, раиси давлати Миёнмор, ки ин иқдомотро мутаваққиф ё маҳкум накарда, барои ҷилавгирӣ аз он мудохила накардааст, бояд посухгӯ бошад. Янги Ли гуфт, ки аз авохири моҳи августи соли 2017 то кунун дастикам 319 рустои маҳалли сукунати руҳингиёиҳо ба хок яксон шуда, ҳудуди 700 ҳазор нафар аз сокинони ин манотиқи вилояти Рохин, шимоли Миёнмор ба Бангладеш гурехтаанд.
Зайд Раъд Алҳусейн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ ҳафтаи гузашта хостори ташкили як кумитаи байналмилалии ҷадид барои омода кардани айбнома дар робита ба ҷиноят алайҳи мусалмонони Руҳингиё шуда буд.