Аёдати сафири Эрон дар Вена аз сарбози маҷруҳи утришӣ
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Утриш асри сешанбе аз сарбози утришие, ки дар ҳодисаи якшанбешаб муқобили иқоматгоҳи сафири Эрон маҷруҳ шуда буд, аёдат кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, аёдати сафири Эрон аз сарбози маҷруҳи утришӣ дар бемористон бидуни иттилои пешакӣ анҷом шуд.
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар баёнияе расмӣ ба забонӣ олмонӣ ин мавзӯъро эълом кард, ки ин иқдом дар расонаҳои мухталифи Утриш аз ҷумла рӯзномаҳои Кориер(Kurier) ва хабаргузории Утриш бозтоб ёфт.
Якшанбешаб фарде муҳоҷим бо корд ба сарбози муҳофизи мустақар дар баробари маҳалли иқомати сафири Эрон дар Вена ҳамла кард.
Ин сарбоз ибтидо бо истифода аз спрейи филфил(мурч) барои дур кардани муҳоҷим талош кард, ки таъсире надошт.
Дар ин даргирӣ сарбози 23 сола аз ноҳияи бозу маҷруҳ шуд ва фарди муҳоҷими 26 сола, ки як утришии мисритабор буд ба зарби гулула кушта шуд.
Идораи амнияти умумии Утриш эълом кард: Шавоҳиди аввалия аз он ҳикоят мекунад, ки ин марди 26 сола ошкоро гаройишҳои салафӣ ва ифротгароёна доштааст.