Меркел барои чаҳорумин бор садри аъзами Олмон шуд
Март 14, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
Бо раъйи парлумони Олмон, садри аъзами ин кишвар дубора дар ин симмат интихоб шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Ангела Меркел имрӯз (чаҳоршанбе) бо 364 раъйи мувофиқи парлумон барои чаҳорумин бор паёпай садри аъзами Олмон шуд.
Парлумони Олмон имрӯз ба манзури интихоби Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар, ба унвони чаҳорумин садри аъзами Олмон ташкили ҷаласа дод.
Интихоби садри аъзами Олмон танҳо бо як номзад анҷом шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба низоми ҳизбӣ ва парлумонии Олмон, аҳзоб пеш аз ин бар сари таъйини садри аъзам бо ҳам тавофуқ мекунанд ва раъйи манфӣ бештар мутааллиқ ба аҳзоби мухолиф хоҳад буд, ки дар аксарият нестанд.
Барчасп