Афзоиши ҳузури диишиҳо дар шимоли Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31323-Афзоиши_ҳузури_диишиҳо_дар_шимоли_Афғонистон
Сухангуи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар аз афзоиши ҳузури террористҳои ДИИШ дар он минтақа хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 14, 2018 15:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳузури диишиҳо дар шимоли Афғонистон

Сухангуи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар аз афзоиши ҳузури террористҳои ДИИШ дар он минтақа хабар дод.  

Ҷовид Салим, сухангуи нерӯҳои вижаи артиш дар шимоли Афғонистон эълом кард, дар ҳоли ҳозир 500 нафар аз аносури гурӯҳи ДИИШ фақат дар ду шаҳристони вилояти Ҷузҷон дар шимоли ин кишвар ҳузур доранд, ки шуморе аз онҳо атбои хориҷӣ ҳастанд.

Вай афзуд: Фармондеҳи аносури террористи ДИИШ дар шимоли Афғонистонро фарде ба номи Қорӣ Ҳикмат бар уҳда дорад ва дарсадади ҷазби нерӯ барои ин гурӯҳ аст.

Бар асари ҳамлаи сешанбе шаб Толибон ба як минтақа дар вилояти Фараҳ дар ғарби Афғонистон ҳашт нерӯи амниятии афғон кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд.