Март 15, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани қонунҳои мамнуияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия

Ҳукумати Русия бо ислоҳи банди 26-и Қонуни муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар, ба идораҳои амният ва интизомӣ барои ихроҷи муҳоҷирон ва мамнуъ кардани вуруди дубораи онон ихтиёроти васеъ бахшидааст.

Ба гузориши сомонаи нашрияи русии “Известия”, акнун кормандони Додситонии кул, Вазорати дохила, Вазорати хориҷа, Вазорати адлия, Хадамоти амнияти федералӣ ва Кумитаи давлатии тафтишоти Русия аз ҳаққи таҳияи феҳристи афроди гумонбар ба иртибот бо созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ва ё ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалие, ки фаъолияти онҳо дар Русия мамнуъ мебошад, бархурдор мегарданд.

Бар асоси ин қонун, ҳар навъ иқдом дар заминаи поймол кардани қонуни вуруд ба Русия, пешниҳоди иттилооти нодуруст дар бораи худ ва макони кору иқомат, доштани собиқаи хилофкорӣ, мушоҳидаи поймолшавии муқаррароти вуруду хуруҷ ва ширкат дар созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалие, ки фаъолияти онҳо дар Русия мамнуъ мебошад, ба маънии ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин бо ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар кишварҳо, аз вуруди афроде, ки на танҳо дар қаламрави Русия, балки дар хориҷ аз он низ гумонбар ба ҷурму ҷиноят бошанд, ба дохили Русия ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ки ба далели баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2018 дар Русия, ҳукумати ин кишвар қонунҳои вуруди шаҳрвандони хориҷиро сахттар кардааст.

Таҳлилгарони тоҷики умури муҳоҷират ба шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки дар замони баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол- 2018, ки аз 14-уми июн то 15 –уми июли имсол дар 11 шаҳри Русия баргузор хоҳад шуд, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.