Ҳимояти садри аъзами Олмон аз мусулмонон
(last modified Sat, 17 Mar 2018 12:45:09 GMT )
Март 17, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти садри аъзами Олмон аз мусулмонон

Садри аъзами Олмон дар ҳимоят аз мусулмонон таъкид кард,ки онҳо ба ин кишвар тааллуқ доранд.

Ба гузориши пойгоҳи хабари Политико, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар интиқод аз суханони   Хорст Зихфуртер-вазири дохилаи давлати нави ин кишвар дар заминаи ислом гуфт :Мусулмонон ба Олмон тааллуқ доранд ва ислом ҳам бахше аз Олмон аст.

 Стефан Зиберт-сухангӯи давлати Олмон, низ пештар гуфта буд бо таваҷҷуҳ ба арзишҳо ва сохтори қонунӣ, ислом ҳам бахше аз Олмон аст.

 Хорст Зихфуртер-вазири дохилаи нави Олмон, пештар гуфта буд:  Олмон кишвари масеҳӣ аст ва масеҳият зиндагиро дар ин кишвар шакл додааст.

 Зихфуртер ҳамчунин раиси ҳизби сотсиал-масеҳии Олмон аст.

 Вазири дохилаи нави Олмон пештар низ гуфта буд, ки сахтгириҳо алайҳи паноҳҷуёнро афзоиш хоҳад дод ва бисёре аз онҳоро аз кишвар ихроҷ хоҳад кард.

 Ҳамлаҳои исломситезона тайи рӯзҳои ахир ба шиддат дар Олмон афзоиш ёфтааст ва чанд масҷид ва маркази исломӣ ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд.

Вазорати дохилии Олмон дар гузорише эълом кард, дар соли 2017  камаш 950 маврид ҳамла алайҳи мусулмонон ва муассисаҳои исломӣ аз ҷумла масҷидҳои ин кишвар ба қайд гирифта шудааст.