Март 17, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии давраи омӯзиши забони форсӣ дар Уругвай

Давраи омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи Репобликаи Уругвай ба сурати расмӣ, роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин давраи омӯзишӣ бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Уругвай, як устоди эъзомӣ аз сӯи Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон ва раиси Донишгоҳи Репоблика дар ин донишгоҳ, ифтитоҳ шуд.

Дар ин давра 35 донишҷӯи уругваии алоқаманд ба фарогирии забони форсӣ сабти ном кардаанд.

Устоди эъзомӣ барои ин давра, собиқаи тадриси забони форсӣ дар донишгоҳҳои Колумбия ва Украинаро дорад.

Донишгоҳи Уругвай бо беш аз 170 сол фаъолияти омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва доштан 105 ҳазор донишҷӯ ва 10 ҳазор устод, яке аз қадимитарин донишгоҳҳои Амрикои Лотин аст.