Сноуден: Фейсбук фиребкор аст
(last modified Mon, 19 Mar 2018 12:48:09 GMT )
Март 19, 2018 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сноуден: Фейсбук фиребкор аст

Едвард Сноуден, ифшогари маъруф гуфт, Фейсбук ниҳоде муроқибатӣ аст, ки бо унвони шабакаи иҷтимоӣ фиребкорӣ мекунад.

Ба нақл аз торнмои хабарии Вашингтон Егзаминер, Едвард Сноуден, маъмури собиқи Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ва ифшогаре, ки ҳамакнун дар Русия паноҳанда аст, дар тозатарин изҳороташ шабакаи иҷтимоии Фейсбукро ниҳоде назоратӣ ва муроқибатӣ хонд, ки бо унвони шабакаи иҷтимоӣ фаъолият мекунад.

Сноуден дар Твиттер навишт: Тиҷоратеро, ки бо ҷамъоварӣ ва фурӯши ҷузъиёти сабтшуда аз зиндагии хусусии мардум касби даромад мекунад, ба содагӣ бояд ниҳоди назоратӣ ва муроқибатӣ номид.

Вай афзуд: Онҳо бо тағйири номи ниҳоди назоратӣ ва муроқибатии худ ба шабакаи иҷтимоӣ монанди тағйири номи вазорати ҷанг ба вазорати дифоъ ба тарзи муваффақиятомезӣ афродро фиреб медиҳанд.