Башор Асад: Сарнавишти Сурия дар майдони набард ҳал мешавад
Раисиҷумҳури Сурия гуфт, танҳо роҳи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия, истифода аз тавони артиш аст.
Ба гузориши рӯзномаи лубнонии Алахбор, рӯзи якшанбе ҳайате аз "Ҷабҳаи арабии пешрав" ба раёсати Наҷоҳ Воким-раиси Ҷумбиши мардумии Лубнон дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия мулоқот кард.
"Ҷабҳаи арабии пешрав" шомили гурӯҳҳои сиёсӣ-арабӣ монанди Ҷумбиши мардумӣ ва ҳизби Муробитун дар Лубнон, Ҷибҳаи халқ дар Фаластин, ҷараёни мардумӣ дар Тунис ва Мавритания ва чандин шахсияти сиёсӣ аз Урдун ва дигар кишварҳои арабӣ аст.
Бар асоси ин гузориш, раисиҷумҳури Сурия дар ин дидор гуфт, ояндаи Сурия дар майдони набард рақам мехӯрад ва бо гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки тарафҳои хориҷӣ онҳоро мудирият мекунанд, танҳо бо кумаки артиш метавон муқобила кард.
Вай бо қадрдонӣ аз Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар набард бо терроризми такфирӣ, гуфт, утоқи амалиёти артиши Сурия ва ҳампаймонони он монанди Русия, Эрон ва Ҳизбуллоҳ бидуни таваққуф фаъол аст ва мавзеи Русия, муҳим ва асосӣ ва ба нафъи Сурия аст.
Асад ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти Туркия, гуфт, тасвири таҳаввулот дар Туркия дар ду рӯзи гузашта, ҳанӯз равшан нашудааст ва дар арзёбиҳо ва гумоназаниҳо аз пушти пардаи ин таҳаввулот, гуфта мешавад, ки наметавон ин эҳтимолро нодида гирифт, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон-раисиҷумҳури Туркия аз ин таҳаввулот барои ҳазфи мухолифони худ дар муассисаҳои низомӣ, қазоӣ ва сиёсии Туркия истифода мекунад.