Март 20, 2018 21:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳқири дубораи Трамп ба мардуми Эрон ба баҳонаи “табрики наврӯзӣ”

Раиси ҷумҳурии Амрико ин бор фаро расидани Наврӯз ва табрики онро фурсате муносиб барои тавҳин ва беэҳтиромӣ ба Эрон қарор дод.

Ба гузориши “Рейтерс”, Доналд Трамп дар баёнияе Наврӯзро ба миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон, ки оғози баҳорро ҷашн мегиранд, табрик гуфта ва дар идома бо ҳамла ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ин ниҳодро боиси эҷоди буҳрони зистмуҳитӣ дар Эрон донистааст.

Трамп, ки дар гузашта мардуми Эронро “миллати террорист” хитоб карда ва ба ҷойи номи таърихӣ ва байналмилалии халиҷи Форс аз унвони сохтагии халиҷи “арабӣ” истифода карда буд, дар баёнияи наврӯзии худ муддаӣ шуд, ки кишвараш дар канори ормонҳои мардуми Эрон барои пайвастан ба ҷаҳон истодааст.

Вазорати хориҷаи Амрико низ дар баёнияе ба зоҳир барои табрики Наврӯз, аз ошӯбҳои чанде пеш дар бархе шаҳрҳои Эрон ҳимоят кард.

Баёнияҳои Кохи Сафед ва Вазорати хориҷаи Амрико дар табрики Наврӯз барои мардуми Эрон дар ҳоле мунташир шудааст, ки Трамп чанд моҳ пеш дар фармоне иҷроӣ, эрониёнро аз вуруд ба хоки Амрико манъ кард.

 

Барчасп