Март 26, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҷашни Наврӯз дар Қатар

Бо фаро расидани Наврӯз сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, шомили Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон маросими Наврӯзи муштаракеро дар Доҳа, пойтахти Қатар баргузор карданд.

Ба гузориши сойти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22-юми март сафоратҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар маросими муштараки фарҳангиеро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карданд.

Дар ин маросими наврӯзӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазоратҳо, ақшори илмию фарҳангӣ ва намояндагони расонаҳои Қатар ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар ин маросим филме дар бораи таъриху суннатҳои Ҷашни Наврӯз ба унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” бо мавзӯъҳои гардишгарӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва осори ҳунарҳои миллии тоҷикон намоиш дода шуд.