Апрел 04, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкории Эрон ва Русия то нобудии комили терроризм дар Сурия

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бар идомаи ҳамкории Теҳрон ва Маскав то нобудии комили терроризм дар Сурия таъкид кард.

Генерал (амир – сартип) Амири Ҳотамӣ, ки барои ширкат дар конфронси амниятии Маскав ба пойтахти Русия сафар кардааст, дар дидор бо вазири дифои Русия ҳамкории низомии Эрон ва Русияро рӯ ба рушд донист ва гуфт, Эрон барои конфронси амниятии Маскав аҳамияти хосае қоил аст ва дар ҳама давраҳои ин конфронс ширкат кардааст.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳузури Эрон дар конфронси амниятии Маскав таъкид кард, Теҳрон ва Маскав бо ҳамкории якдигар муваффақ шуданд бахши аъзаме аз Сурияро аз ишғоли террористҳо озод кунанд.

Вай изҳор дошт, Теҳрон ва Маскав бояд барои тақвияти амният дар минтақа, ба вижа бозгардонидани оворагон ба Сурия иқдомоти муҳиме анҷом диҳанд.

Ҳафтумин конфронси амниятии байналмилалии Маскав бо меҳварияти масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ ва бо ҳузури вазирони дифои ҳудуди 30 кишвари ҷаҳон ва низ мақомҳои олирутбаи кишварҳои мухталиф имрӯз (чаҳоршанбе) дар Маскав баргузор мешавад.