Апрел 04, 2018 14:28 Asia/Dushanbe
  • Талафоти инфиҷори мина ва маводи тарканда дар Афғонистон

Вазорати умури мубориза бо ҳаводиси Афғонистон эълом кард, рӯзона шаш афғон бар асари инфиҷори мина ва муҳиммоти ҳанӯз натаркида дар ин кишвар кушта мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, вазири мубориза бо ҳаводиси Афғонистон имрӯз, чаҳоршанбе дар маросиме ба муносибати гиромидошти Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо мина, аз коҳиши кумакҳои байналмилалӣ барои минарӯбӣ дар Афғонистон интиқод кард.

Наҷиб Оқофаҳим афзуд, ҳанӯз беш аз 400 километри мураббаъ аз заминҳои Афғонистон олуда ба мина ва маводи тарканда аст.

Ишғолгарии низомиёни амрикоӣ ва дигар ҳампаймонони Вашингтон дар Афғонистон ва ҳузури гурӯҳи Толибон ва дар солҳои ахир гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар аз омилҳои аслии ноамнӣ, ҷанг ва даргирӣ дар Афғонистон аст.

 

Барчасп