Апрел 05, 2018 21:12 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Русия ва Чин мухолифи бозбинии БАРҶОМ ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ва Пекин мухолифи бозбинии тавофуқи ҳастаӣ, миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров рӯзи панҷшанбе дар поёни дидор бо Ван И (Wang Yi) ҳамтои чинии худ дар Маскав гуфт, мавзӯи БАРҶОМ дар маркази таваҷҷуҳи ӯ ва вазири хориҷаи Чин қарор дошт ва онҳо бар ин боваранд, ки талошҳо барои бозбинии БАРҶОМ бо қатъномаи 2231 Шӯрои амният, ки се соли пеш тасвиб шуд ва дар он БАРҶОМ ба таври комил мавриди таъйид қарор гирифт, мутобиқат надорад.

Лавров гуфт, талошҳо барои бозбинии БАРҶОМ танҳо заҳамоти мақомҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳонро ба ҳадар медиҳад.

Вазири хориҷаи Русия дар идома ба буҳрони Сурия ишора кард ва гуфт, Русия ва Амрико метавонанд барои кумак ба ҳалли масъалаи терроризм дар Сурия ба маротиб ҳамкории бештаре дошта бошанд.

Лавров гуфт, бо ҳамтои чинии худ ба тафсил дар бораи Сурия гуфтугӯ кардааст.

 

Барчасп