Апрел 07, 2018 16:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гутерреш дар бораи афзоиши нажодпарастӣ дар ҷаҳон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи афзоиши нажодпарастӣ, нафратпароканӣ ва бегонаҳаросӣ дар саросари дунё, ҳушдор дод.

Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии бозтоби наслкушии 1994 қавми тутси дар Руанда гуфт, ривоҷи нажодпарастӣ, нафратпароканӣ ва бегонаҳаросӣ дар саросари дунё, бистарсози иқдомҳои шаруронаи дигар аст.

Гутерреш бо ибрози нигаронӣ аз вазъи буҳронии мусулмонони Рӯҳингё афзуд, мусулмонони рӯҳингиёии Мянмар ба сурати созмонёфта кушта ва шиканҷа дода мешаванд, мавриди таҷовуз қарор мегиранд, зинда сӯзонда ва таҳқир мешаванд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард, барои наҷоти ҷони мардум бояд фаротар аз калимот биравем ва бояд шаҳомати аҳамият додан ва иродаи иқдомро тақвият кунем.

24 соли пеш дар соли 1994, беш аз 800 ҳазор нафар ба сурати созмондиҳӣ шуда дар наслкушии Руанда, кушта шуданд.

Бештари қурбониён аз қавми тутси буда, вале теъдоде аз онон низ афроде аз ақвоми миёнарави Ҳусу ва Ту (Houthu ва Tua) ва дигар қавмҳо буданд.